22.06.2021
: 711
22 июн ба муносибати Рӯзи олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, беш аз 80 нафар наврасон, ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-и Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дидан карда, бо дастоварди варзишгарон шинос шуданд ва доир ба ҳаракати олимпии Тоҷикистон маълумот гирифтанд.