10 июн дар доираи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба теннис дар қароргоҳи Федератсияи тенниси Тоҷикистон (ФТТ) нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Абдурасул Муҳиддинов, котиби генералии ФТТ, хабар дод, ки як моҳи охир дар Тоҷикистон 4-ум мусобиқаи байналмилалӣ аст, ки доир мешавад: ду мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва ду мусобиқа миёни ҷавонони то 18-сола.
“Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар кунанд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат намоянд. Яъне, агар варзишгар дар радабандии ҷаҳонӣ мавқеъ надошта бошад, барои ширкат дар мусобиқаҳо аввал дар даврҳои интихобӣ иштирок мекунад”, - гуфт А. Муҳиддинов.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки моҳҳои июл август боз 4 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла 2-7 август Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба нақша гирифта шудааст. Ин мусобиқаҳо низ рейтингӣ буда, беҳтарин варзишгарони ҷавони ҷаҳон ширкат мекунанд.
Дар дуюм мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open”, ки ҷараён дорад, 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат, мисли Олмон, Амрико, Британия, Ҳиндустон, Россия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Узбекистон, Словакия ширкат доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 20 нафар дар ин мусобиқа иштирок мекунад.
Сардовари мусобиқа Александ Шербина аз Қазоқистон иброз намуд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад: “Дар ҳоли ҳозир бисёри давлатҳо, вобаста ба пандемияи COVID-19 ба худ иҷозат намедиҳанд, ки мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ташкил кунанд. Хушбахтона, вазъият дар Тоҷикистон хуб аст ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон чунин мусобиқаҳоро доир мекунад”.
Абдурасул Муҳиддинов дар идома гуфт, ки намуди теннис дар Тоҷикистон рушд мекунад ва имрӯз дар кишвар ҳудуди 400 нафар ба тенниси калон ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин, федератсия 4 мураббии сатҳи байналмилалии дараҷаи як ва 2 мураббии дорои сертификати дараҷаи ду дорад.
Зимни нишасти матбуотӣ варзишгари муваффақ Амирҳамза Насриддинов муаррифӣ шуд. Ӯ зодаи шаҳри Норак мебошад ва феълан ҳамроҳи оилааш дар Россия зиндагӣ мекунад. Амирҳамза дар мусобиқаи якум, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, ғолиб гардид. Дар ин мусобиқа низ ба нимфинал роҳ ёфт ва умед аст, ки пирӯз мешавад.
Амирҳамза Насриддинов аз номи Россия дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ғолиб гардидааст ва ният дорад, ки дар оянда аз номи Тоҷикистон дар мусобиқаҳо ширкат кунад.