09.06.2021
: 2215
7-8 июн дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба гуштини тарзи озод баргузор шуд.
Ба иттилои директори Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб Музаффар Ҳикматуллоев, дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшон, Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карда, дар 10 вазн миёни мардон, тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин қувваозмоӣ намуданд.
Аз 10 вазни пешбинишуда, дар 9 вазн намояндагони Душанбе, дар 1 вазн варзишгарони Суғд ғолиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.
Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 оид ба гуштини тарзи озод:
-57кг
1. Наимов Муҳаммад (Душанбе-2)
2. Ҳалимов Қаюмҷон (Душанбе-1)
3. Ғафурзода Лутфулло (Хатлон-1)
3. Меликов Ҳусейн (Хатлон-1)
-61кг
1. Ибодов Шамсиддин (Душанбе-1)
2. Мирзоев Шарифбек (Хатлон-1)
3. Олимов Фотеҳҷон (Суғд-1)
3. Тошматов Аслиддин (Суғд-2)
-65кг
1. Шарифов Ҷамшед (Душанбе-1)
2. Холов Комрон (Душанбе-2)
3. Аминзода Хайём (Суғд-1)
3. Ҳодибоев Ҳодибой (Хатлон-1)
-70кг
1. Садуров Оятулло (Душанбе-1)
2. Тайгунов Магамед (ВМБК)
3. Абдуқодиров Абдуҷаббор (Душанбе-2)
3. Беков Хизрулло (Суғд-1)
-74кг
1. Шарипов Ғуломҷон (Душанбе-1)
2. Эмомов Мусо (Душанбе-2)
3. Каримов Фаридун (Хатлон-2)
3. Нуралиев Рамазон (Хатлон-2)
-79кг
1. Икромов Сомонҷон (Душанбе-1)
2. Болтаев Равшан (Суғд-1)
3. Ҳакимов Раҳимҷон (Хатлон-2)
3. Муқимзода Боқиҷон (Суғд-2)
-86кг
1. Ҳалимзода Салимҷон (Душанбе-1)
2. Сардоров Қосим (Душанбе-2)
3. Ализода Муҳаммадҷон (Суғд-1)
3. Ғаниев Шуҳрат (Суғд-2)
-92кг
1. Қодиров Баҳодур (Душанбе-1)
2. Ризоев Саҳобиддин (ШНТМ)
3. Ҳасанов Анвар (Душанбе-2)
3. Раҳимов Хушбахт (Суғд-1)
-97кг
1. Одилов Фаридун (Суғд-1)
2. Собитов Фарҳод (Суғд-2)
3. Сангов Аминҷон (Душанбе-2)
3. Нафасов Арҷуман (Хатлон-2)
-125кг
1. Миршарифзода Фирӯз (Душанбе-2)
2. Маҳмадбеков Раҳмон (Душанбе-1)
3. Файзуллоев Ҷамолиддин (Хатлон-1)
3. Мирзохӯҷаев Илҳомхӯҷа (Хатлон-2)