Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАЕКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК БА УРДУН САФАР КАРДАНД

17.05.2021

: 974

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо дар ҳайати 4 варзишгар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё ба шаҳри Аммони Урдун сафарбар гардид.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аъзои дастаи мунтахаби кишвар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80кг) миёни мардон, Муниса Ойматова (-49кг), Моҳру Ҳалимова (-67кг) миёни бонувон талош мекунанд. Онҳоро дар ин сафар мураббиён Исломиддин Фозилов, Шамсулло Қодиров ва Чонг Чон Фи ҳамроҳӣ мекунанд.

Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба таеквондо 21-22 май дар шаҳри Аммони Урдун баргузор мешавад. Варзишгароне, ки ҷойҳои якуму дуюмро сазовор мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Ёдрас менамоем, ки Муниса Ойматова ва Моҳру Ҳалимова аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ кӯшиш мекунанд.

Ҳамчунин, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чанде пеш барои дастаи мунтахаби таеквондои кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир кард.

Бо дастгирии Кумитаи миллии олимпӣ соли 2018 бо ҷалби коршиносони сатҳи байналмилалӣ Барномаи рушди варзиши таеквондо, солҳои 2019-2020 бошад, ду курси техникӣ барои мураббиён татбиқ гардид.