Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ХАТЛОН” БА ҶОИ ДУЮМ БАРОМАД

17.05.2021

: 696

Се бозии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар бозии хонагӣ тими “Куктош”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Тоҳир Тағойзода ва Нуриддин Ҳамроқулов заданд. Пас аз ин пирӯзӣ дастаи шаҳри Бохтар холҳояшро ба 9 расонида ба ҷои дуюми ҷадвали чемпионат баромад.

Дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд аз чемпиони феълии малакат – “Истиқлол” бо ҳисоби 0:2 шикаст хурд. Ҳар ду гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Салама Ашурмамадов дар дақиқаи 55 ва Рустам Соиров дар дақиқаҳои иловагӣ (90+2) ду маротиба дарвозаи бонкчиҳоро рахна намуданд. “Истиқлол” дар се бозӣ 7 хол ба даст оварда, дар ҷои 8-уми ҷадвал мавқеъ дорад.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе” – “Истаравшан” ғолиб муайян нашуд. Бозингари тими меҳмон Илҳом Баротов дар анҷоми нимаи аввал аз пеналтӣ ҳисобро кушод. Амир Манеш аз тими “Душанбе” дар аввали нимаи дуюм ҳисобро баробар кард – 1:1.

Бозиҳои даври ҳаштум 21-22 май доир мегарданд. Рӯзи аввал “Куктош” бо КМВА, “Файзканд” бо “Душанбе”, рӯзи дуюм “Истаравшан” бо “Хатлон”, “Эсхата” бо “Хуҷанд” вомехуранд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Равшан” – “Истиқлол”, бо сабаби иштироки “Равшан” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, ба вақти дигар гузаронида шудааст.


ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т Т ФТ Х
1  "ХУҶАНД" (ХУҶАНД) 6     4    1    1    14    5    +9    13  
2  "ХАТЛОН" (БОХТАР) 6  2  3  1  7  5  +2  9
3  "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 7  2  2  3  11  11   0  8
4  "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 6  2  2  2  10  12  -2  8
5  "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН)         6  2  2  2  7  7  0  8
6  "КУКТОШ" (РӮДАКӢ) 7  2  2  3  7  13  -6  8
7  "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 5  2  2  1  5  4  +1  8
8  "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 3  2  1  0  4  1  +3  7
9  "РАВШАН" (КӮЛОБ) 6  1  2  3  5  8  -3  5
10    КМВА (ДУШАНБЕ) 6  1  1  4  5  9  -4  4