10.05.2021
: 3689
Варзишгаронамон дар намуди гуштини варзишӣ натавонистанд роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд.
Мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гуштин ба Бозиҳои олимпии Токио 6-9 май дар Софияи Булғористон баргузор шуд.
Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 5 варзишгар иштирок карданд, вале натавонистанд соҳиби роҳхати олимпӣ гарданд:
Гуштини тарзи озод
57кг – Муҳаммад ИКРОМОВ
86кг – Баҳодур ҚОДИРОВ
125кг – Искандари РУСТАМ
Гуштини юнонӣ-румӣ
60кг – Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ
77кг – Далер РИЗОЗОДА
Муҳаммад Икромов дар вазни 55кг ҷои панҷум, Искандари Рустам дар вазни 125кг ҷои ҳафтум ва Фируз Мирзораҷабов дар вазни 60кг ҷойи нуҳумро сазовор шуданд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин, дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ дар София 474 варзишгар аз 84 давлати дунё ширкат доштанд.
Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гуштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамоми ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод - 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ - 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.
Ҳамин тариқ, намояндагони 60 давлат имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо намуданд. Аз ҳама бештар Россия (17), Штатҳои Муттаҳида (15), Ҷопон (12), Эрон, Чин ва Қазоқистон (11) роҳхатҳои олимпиро сазовор гардиданд. Дар гуштини озод Эрон ва Россия бо ҳайати мукаммал (6 нафар) ба Токио сафар мекунанд. Дар гуштини бонувон бошад, Чин, Ҷопон, Муғулистон, Россия ва Штатҳои Муттаҳида дастаи мунтахабашонро пурра карданд (6 нафар).