Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

АВВАЛИН БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ОЛӢ

АВВАЛИН БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ОЛӢ АВВАЛИН БОЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ОЛӢ

10.05.2021

: 2052

Клуби футболи “Истиқлол” пас аз иштироки муваффақона дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё, дар лигаи олии мамлакат аввалин бозиашро анҷом дод.

“Истиқлол” дар доираи бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими КМВА бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи дидорро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-ум зад.

Дар бозии марказии давр “Хуҷанд” бар тими “Истравшан” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истравшан баргузор гардид. Дидори дастаҳоро дар варзишгоҳ 17 800 мухлис тамошо карданд. Се голи хуҷандиҳоро Артём Сердюк зад. Голҳои “Истаравшан”-ро Илҳомҷон Баротов ва Бахтиёр Абдураҳмонов ба номашон сабт карданд.

Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон – “Равшан” – “Хатлон” бошад, “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуд. Ҳисоби бозиро футболбози бохтарӣ Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 17-ум кушод. Ҳамдастааш Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 79 ҳисобро афзуд. Кулобиҳо ба ин ду гол тавассути Эффаҳ Кингслей Осей бо ягол ҷавоб доданд.

Бозии дигар миёни дастаҳои “Куктош” – “Душанбе” мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Люк Леонел аз дастаи “Душанбе” ду гол зад. Голҳои “Куктош”-ро Расул Файзов ва Суҳроб Раҳмонов ба номашон сабт карданд.

Ниҳоят дар бозии охирини давр “Файзканд” аз “Эсхата бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шаҳзод Абдураҳимов ба нафъи “Эсхата” дар дақиқаи 43 ҳисобро кушод, пас аз 5 дақиқа Маҳмадалӣ Содиқов ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дую бонкчиҳо тавассути Боҳирҷон Сангинбоев ва Абдусамад Самадов ду голи дигар зада, ғалабаи “Эсхата”-ро таъмин карданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо “Хуҷанд” бо 13 хол садрнишини ҷадвали чемпионат аст. Намояндаи дигари вилояти Суғд – тими “Эсхата”, ки 8 хол дорад, дар ҷои дуюм ва “Файзканд” низ бо 8 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои навбатии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 15-16 май доир мегарданд. 15 май “Хатлон” бо “Куктош”, 16 май “Эсхата” бо “Истиқлол”, “Душанбе” бо “Истаравшан” вомехӯранд. Вале қабл аз ин 12 май бозии мавқуфмондаи даври аввал миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Куктош” баргузор мешавад.

Дар даври шашум бозиҳо бо иштироки дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан”, бинобар сабаби ширкаташон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 (14-20 май), сурат намегиранд.



Б     Ғ     М     Б    Т     Т    ФТ    Х     
1.  "ХУҶАНД" (ХУҶАНД) 6 4 1 1 14 5 +9 13
2.  "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 6 2 2 2 11 9 +2 8
3.  "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 5 2 2 1 5 4 +1 8
4.  "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 5 2 1 2 9 11 -2 7
5.  "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН)                5 2 1 2 6 6 0 7
6.  "КУКТОШ" (РӮДАКӢ) 5 2 1 2 6 10 -4 7
7.  "ХАТЛОН" (БОХТАР) 5 1 3 1 5 5 0 6
8.  "РАВШАН" (КӮЛОБ) 6 1 2 3 5 8 -3 5
9.  КМВА (ДУШАНБЕ) 6 1 1 4 5 9 -4 4
10.  "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 1 1 0 0 1 0 +1 3