Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ГУШТИН: ДАР СОФИЯ ОХИРИН РОҲХАТҲОИ ОЛИМПӢ ДОДА МЕШАВАД

03.05.2021

: 3353

Мусобиқаи ниҳоии интихобӣ оид ба гуштин ба Бозиҳои олимпии Токио – мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ - 6-9 май дар Софияи Булғористон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин, барои ба даст овардани 36 роҳхати охирин ба Токио (иштирокчиёни финал дар 18 категорияи вазнӣ) 474 варзишгар аз 84 давлати дунё дар София ҷамъ меоянд.

Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 7 варзишгар иштирок мекунанд:

Гуштини тарзи озод
57кг – Муҳаммад ИКРОМОВ
65кг – Мустафо АХМЕДОВ
86кг – Баҳодур ҚОДИРОВ
125кг – Искандари РУСТАМ

Гуштини юнонӣ-румӣ
60кг – Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ
77кг – Далер РИЗОЗОДА
87кг – Суҳроб АБДУЛҲАЕВ

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин хабар додааст, дар ҳоле ки дар панҷ соли охир гуштингирони ҷавон рӯи майдон омадаанд, ҳашт нафар ҷоизадори олимпӣ ҳанӯз роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро нагирифтаанд ва дар мусобиқаи София ширкат мекунанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин, ки соли 2019 дар Нурсултон (Қазоқистон) баргузор шуда буд (6 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ), мусобиқаҳои интихобии қоравӣ, ки соли 2021 доир гардиданд (2 роҳхат дар ҳар категорияи вазнӣ) иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро муайян кард. Вале варзишгарони мо дар ду мусобиқаи гузашта натавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд.

Умуман, дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди гуштин 288 варзишгар (192 мард, 96 зан) аз тамои ҷаҳон ширкат мекунанд ва дар 18 категорияи вазнӣ (равияи тарзи озод - 6 вазн миёни мардон, 6 вазн миёни бонувон ва равияи юнонӣ-римӣ - 6 вазн миёни мардон) барои ҷоизаҳои олимпӣ талош менамоянд.