Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” БА ДАВРИ ҲАШТЯКФИНАЛИ ЛЧО-2021 БАРОМАД

01.05.2021

: 716

Чемпиони футболи Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, новобаста аз бохташ дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 аз клуби АГМК-и Узбекистон (1:2), дар гурӯҳи “А” ҷои аввалро гирифт ва ба даври 1/8-финал роҳ ёфт.

Дар дигар бозии даври шашуми гурӯҳи “А” “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (АМА) бар тими “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” 10-холӣ гирифтанд, аммо чемпиони Тоҷикистон аз ҳисоби натиҷаи дидорҳои инфиродӣ (1:3, 1:4) чемпиони Арабистони Саудиро пас гузошта, ҷои аввалро сазовор шуд.

“Ал-Ҳилол” низ аз гурӯҳи “А” ба даври 1/8-финали Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 баромад.

Акнун дар даври 1/8-финали Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 “Истиқлол” бо ғолиби гурӯҳи “Е” – клуби футболи “Персеполис”-и Эрон, ки соли гузашта то финали мусобиқа баромада буд, вомехурад. Бозии дастаҳо бояд 13 ё 14 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардад.

Дар бозиҳои дигари даври 1/8-финал дар минтақаи Ғарб 13-14 сентябр “Шарҷа” (АМА) бо “Ал-Ваҳда” (АМА), “Истиқлол Теҳрон” (Эрон) бо “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) бо “Трактор” (Эрон) вомехуранд.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 6-ум давр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон) – 1:2
Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1). Йован Ҷокич, 79 (0:2). Рустам Соиров, 87 – аз пеналтӣ (1:2).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷӯраев, 81), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Ҷалилов.

30 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т     Х   
 1    "ИСТИҚЛОЛ" (ТОҶИКИСТОН)     6  3  1  2  10-8  10
 2  "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ)      6  3  1  2  11-9  10
 3  "Шабоб Ал-Аҳлӣ" (АМА)  6  2  1  3  6-6  7
 4  АГМК (Узбекистон)  6  2  1  3  9-13  7


Минтақаи Ғарб

1/8-финал

13-14 сентябр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон)

«Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ваҳда» (АМА)

«Истиқлол» (Эрон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Трактор» (Эрон)