Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: АВВАЛИН ПИРӮЗИИ КМВА ДАР МАВСИМ

26.04.2021

: 1479

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) пас аз се бохти пайиҳам дар мавсим бар тими “Душанбе” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар ҳайати тими артиш голҳоро Суҳроб Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев заданд. Як голи дигарро худи душанбегиҳо вориди дарвозаашон карданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Файзканд” бидуни гол (0:0) хотима ёфт.

Дар бозии дигари давр дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Далер Шомуродов аз пеналтӣ зад.

Ниҳоят “Куктош” дар бозии хонагӣ дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-ро мағлуб намуд – 2:1. Меҳмонон тавассути голи задаи Акобир Тураев дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушоданд. Вале зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ғалабаи “Куктош”-ро таъмин кард.

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май баргузор мешаванд.

ҶОЙ  ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т Т ФТ Х
1  ФАЙЗКАНД (ВОСЕЪ)  4   2   2   0   4   1   +3   8 
2  ХУҶАНД (ХУҶАНД)  4  2  1  1  7  3  +4  7
3  КУКТОШ (РӮДАКӢ)  3  2  0  1  4  4  0  6
4  ЭСХАТА (ХУҶАНД)  4  1  2  1  6  5  +1  5
5  РАВШАН (КӮЛОБ)  4  1  2  1  2  2  0  5
6  ИСТАРАВШАН (ИСТАРАВШАН)   3  1  1  1  1  1  0  4
7  КМВА (ДУШАНБЕ)  4  1  0  3  4  7  -3  3
8  ДУШАНБЕ (ДУШАНБЕ)  3  1  0  2  3  7  -4  3
9  ХАТЛОН (БОХТАР)  3  0  2  1  2  3  -1  2
10  ИСТИҚЛОЛ (ДУШАНБЕ)  0  0  0  0  0  0  0  0