Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “АЛ-ҲИЛОЛ” ДАР БОЗИИ ҶАВОБӢ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “АЛ-ҲИЛОЛ” ДАР БОЗИИ ҶАВОБӢ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “АЛ-ҲИЛОЛ” ДАР БОЗИИ ҶАВОБӢ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “АЛ-ҲИЛОЛ” ДАР БОЗИИ ҶАВОБӢ

26.04.2021

: 728

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “А” бар тими “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

“Истиқлол” бозиро бо ҳисоби 0:1 мебохт, вале футболбозон тавонистанд ташаббус ба даст гиранд ва ғолиб шаванд. Дублҳои Манучеҳр Ҷалилов ва Манучеҳр Сафаров ба душанбегиҳо се хол овард. Чемпиони Тоҷикистон пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи “А” баромад. “Ал-Ҳилол” ҳам, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бар тими АГМК бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

“Истиқлол” дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 27 апрел муқобили клуби “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” аз АМА вориди майдон мешавад. Дидори дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021

Гурӯҳи «А». 4-ум давр

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 4:1
Голҳо: Бафетимби Гомис, 24 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 39 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 44 (2:1). Манучеҳр Сафаров, 49 (3:1). Манучеҳр Сафаров, 52 (4:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов (Хуршед Ҷураев, 90+2), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов (Рёта Нома, 79), Рустам Соиров (Ваҳдат Ханонов, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов.

Беҳтарин бозингари дидор: Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»).

24 апрел. Риёз. Варзишгоҳи шоҳзода Файсал ибни Фаҳд.

«Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон) – 3:1

     Б  Ғ  М    Б    Т-Т    Х 
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)  4    2    1  1  8-6  7
2 «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)    4  2  1  1  8-7  7
3 «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (АМА)  4  1  1  2  4-5  4
4 АГМК (Узбекистон)  4  1  1  2  7-9  4