23.04.2021
: 2457
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба волейбол (U-17) дар Узбекистон барандаи медали нуқраи мусобиқаи байналмилалӣ шуданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни духтарони то 17-сола ба хотираи чемпиони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ Вера Дуюнова аз 19 то 23 апрел дар шаҳри Навоии Узбекистон баргузор шуд.
Дар мусобиқа 6 даста – 4 даста аз Узбекистон (“Олимп”, “Суғдиёна”, “Ҳумо”, “Водӣ”), инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуда, тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов, волейболбоздухтарони мо 5 бозӣ анҷом дода, бо 4 пирӯзӣ ва як бохт ҷои дуюмро ишғол карданд. Ҷои аввал насиби дастаи “Олимп” ва ҷои сеюм насиби дастаи “Ҳумо” аз Узбекистон шуд.