22.04.2021
: 2819
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аввалин Силсилаи фосилавии олимпиро (СФО) эълон карда, ба варзиши фосилавӣ қадам мегузорад.
Дар аввалин Силсилаи фосилавии олимпӣ намудҳои варзиши бейсбол, велосипедронӣ, қайиқронӣ, заврақронӣ ва автомобилронӣ ҷалб хоҳанд шуд.
СФО дар арафаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 – аз 13 май то 23 июни 2021 баргузор мешавад. Силсилаи фосилавии олимпӣ дӯстдорони варзишҳои фосилавӣ ва варзишҳои электрониро дар саросари ҷаҳон барои расидан ба аудиторияи нави олимпӣ, дар баробари ин рушди намудҳои ҷисмонӣ ва ғайриҷисмонии варзиш мувофиқи тавсияҳои Рӯзномаи олимпӣ 2020+5 ташвиқ мекунад.
Президенти КБО Томас Бах гуфт: “Силсилаи фосилавии олимпӣ таҷрибаи нави беназири рақамии олимпӣ мебошад, ки ҳадафи он афзоиши робитаи мустақим бо аудиторияи нав дар самти варзиши фосилавӣ аст. Консепсияи он ба Рӯзномаи олимпӣ 2020+5 ва Стратегияи рақамии КБО мувофиқат мекунад. Он бо таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон, машғул шудан ба варзиш ва арзишҳои олимпиро ташвиқ мекунад”.
Дэвид Лаппартент, роҳбари гурӯҳи алоқаи КБО оид ба варзиш ва бозиҳои электронӣ (ELG) ва Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии велосипедронӣ (UCI) гуфт: «Аз номи ELG ва UCI мегӯям, шодам, ки дар аввалин силсилаи фосилавии олимпӣ иштирок менамоем. Як қатор федератсияҳои байналмилалӣ мусобиқотро тавассути фосилавӣ хуб ба роҳ монданд ва бо шарофати ҳамкории байни КБО, федератсияҳои байналмилалӣ ва ноширони бозиҳо, СФО қадами ҷолибе ба пеш, барои ҷаҳони варзиши фосилавӣ ва Ҳаракати олимпӣ мебошад”.