25.03.2021
: 793
20-21 март бахшида ба Иди Наврӯз дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2021 баргузор шуд.
Дар мусобиқа беш аз 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар вазнҳои -65кг, -75кг, -90кг ва +90кг барои 4 шоҳҷоиза – автомошинаи сабукрав - қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо либосҳои нави хоси гуштини миллӣ дар сатҳи баланд сурат гирифт.
Ҳадафи асосӣ аз роҳандозӣ намудани ин мусобиқаи варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти он ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни миллӣ — Наврӯз мебошад.
Рӯзи аввал қувваозмоиҳои даврҳои муқаддамотӣ дар 4 категорияи вазнӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври финалӣ, ки рӯзи дуюм доир шуд, роҳхат гирифтанд.
Ба финали вазни -65кг Абубакр Боқиев бо Алиҷони Сафаралӣ роҳ ёфтанд. Дар ин рақобати ҷолиб Абубакр Боқиев ғолиб омада, сазовори шоҳҷоиза гарид. Ҷойҳои сеюмро дар ин вазн Сорбон Латифов ва Ориф Додов соҳиб гардиданд.
Дар вазни -75кг Мирзоҷамил Рамазонов нисбат ба ҳарифонаш қавитар буд. Ӯ дар финал бар Амонулло Азимов ғолиб омада, сазовори автомашинаи тамғаи «Карола» гардид. Медалҳои биринҷӣ бошад, насиби Саидшоҳ Раҳматуллоев ва Саиднабӣ Камолов шуд.
Медали тиллои вазни -90кг-ро Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ дар финал Ҳамроз Раҷабовро шикаст дода, соҳиби шоҳҷоиза — автомошинаи тамғаи «Тайота Аввалон» гашт. Ҷоиҳои сеюми ин вазнро бошад, Амирҷони Насим ва Комроншоҳи Устопириён соҳиб гардиданд.
Дар вазни +90кг Темур Раҳимов пас аз пирӯзӣ бар Раҳмат Фарҳодов сазовори шоҳҷоиза — автомошинаи сабукрав ва Ҷоми «Пойтахт-2021» гардид. Дар қувваозмоӣ барои ҷойҳои сеюм бошад, Шоҳрух Амирхонов ва Абубакри Акобир бар рақибонашон ғолиб омаданд.
Ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа бо медалу диплом ва ҷоизаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.