Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: ДУ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ГРАНД СЛАМИ ТБИЛИСӢ ШИРКАТ МЕКУНАНД

25.03.2021

: 858

26-28 март мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд слами Тбилисӣ – баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 494 варзишгар (270 мард, 224 зан) аз 81 давлат ширкат хоҳанд кард.

Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба Гурҷистон сафарбар гардиданд.

Мутобиқи низомномаи мусобиқа, рӯзи аввал қувваозмоиҳои категорияи вазнии -60кг, -66кг (мардон), -48кг, -52кг, -57кг (бонувон) сурат мегиранд. Дар рӯзи дуюм варзишгарони вазнашон -73кг, -81кг (мардон), -63кг, -70кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Ниҳоят рӯзи сеюм мардон дар категорияҳои вазнии -90кг, -100кг, +100кг ва бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг нерӯ месанҷанд.

Ин чорум мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Қаблан, моҳи январ мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Доҳа, моҳи феврал Гранд слами Тел Авив ва аввали моҳи март Гранд слами Тошканд доир шуда буданд.

Дар Гранд слами Тбилисӣ низ варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд, ки дар беҳтар шудани мавқеашон дар радабандии олимпӣ кӯмак мекунад. Ҳамчунин, ғолибон ва ҷоизодорон бо ҷоизаҳои пулӣ (ҷои якум: 5000 доллари ИМА; ҷои дуюм: 3000 доллар; ҷойҳои сеюм: 1500 доллари ИМА) қадрдонӣ мешаванд.

Пас аз ин, то анҷоми муҳлати интихобӣ барои Бозиҳои олимпии Токио варзишгарони мо боз дар 4 мусобиқаи дигар ширкат мекунанд: Гранд слами Анталия, Чемпионати Осиё/Уқёнус дар Бишкек, Гранд слами Қазон ва Чемпионати ҷаҳон дар Будапешт.

Ёдрас мекунем, ки 5 нафар аъзои дастаи мунтахаби ҷудои кишвар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио талош мекунанд.