11.03.2021
: 825
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” бо иштироки чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе – дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
“Истиқлол” дар як гурӯҳ бо дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай” (АМА) ва ғолиби ҷуфти “Ал-Ғарафа” (Қатар) – АГМК (Узбекистон) дар плей-офф бозӣ мекунад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чемпиони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. “Истиқлол” аввалин дидорашро дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 апрел муқобили чемпиони АМА – клуби “Шабоб ал-Аҳлӣ Дубай” анҷом медиҳад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 дар минтақаи Ғарб ба таври муттамарказ аз 14 то 30 апрел, дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май сурат мегирад.