11.03.2021
: 940
Томас Бах пас аз дастгирии қариб якдилонаи аъзои иҷлосия барои адои муҳлати ниҳоии чорсола дубора президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) интихоб шуд.
Бах барои ин мансаб ягона номзад буд ва дар ҷаласаи маҷозии КБО 10-уми март 93 овоз ба даст овард. Як нафар мухолиф ва чор нафар бетараф буданд.
Ҳуқуқшиноси олмонӣ, президенти нуҳуми КБО, ки роҳбарии Ҳаракати олимпиро соли 2013 бар дӯш гирифт, қарор аст то соли 2025 дар ин вазифа кор кунад.
Бах пас аз Бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020, ки 8 август анҷом меёбад, фаъолияти чорсолаи худро дар раёсати ташкилот оғоз мекунад.
Томас Бах гуфт: "Ташаккури зиёд барои эътимод. Барои ман, ин бо дарназардошти ислоҳоти зиёд ва қарорҳои мушкиле, ки мо бояд қабул кунем ва ин ба ҳамаи мо таъсир расонд, боз ҳам ҳайратовартар аст. Ман мехостам барои ҳамаи шумо президент бошам ва ин то давраи дуюм ва охирин идома меёбад. Дари ман, гӯшҳо ва дили ман барои ҳар яки шумо кушода боқӣ мемонад. Умедворам, ки ман ба уҳдадорӣ, садоқат ва дӯстии шумо дар тӯли чаҳор соли минбаъда умед баста метавонам".