09.03.2021
: 924
Мусобиқаи волейбол барои дарёфти "Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе", ки 10 феврал оғоз гардида буд, бо пирӯзии дастаи ВМКБ анҷом ёфт.
Ба иттилои Федератсияи волейболи Тоҷикистон, мусобиқа миёни бонувон ба ифтихори Рӯзи модар бори 5-ум баргузор шуд. Вале мусобиқаи имсола фарқият дошт. Он миёни волейболбозони ҳаваскор алоҳида ва мусобиқаи миёни дастаҳои касбӣ алоҳида сурат гирифт.
- Дар мусобиқаи касбӣ 10 даста иштирок карданд, ки дар натиҷа ҷом насиби волейболбозони тими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Онҳо дар финал бар дастаи Душанбе-1 ғалаба карданд. Дастаи волейболбозони Суғд дар бозӣ барои ҷои сеюм тими Душанбе-2-ро мағлуб намуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро сазовор шуданд, - гуфт котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов.
Ба иттилои ӯ, дар мусобиқа миёни ҳаваскорон 32 дастаи вазорату идораҳо ширкат карданд ва дастаи волейболбозбонувони Вазорати корҳои дохилӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақоми сеюм насиби дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ҷои чорум насиби дастаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар ҳар ду мусобиқа 4 дастаи беҳтарин бо мукофотпулии Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гаштанд.