09.03.2021
: 909
5-7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор шуд, ки дар он 14 варзишгари тоҷик иштирок карданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 497 варзишгар (296 мард, 201 зан) аз 71 давлат ширкат намуданд.
Ҷумҳурии моро 14 варзишгар намояндагӣ карданд: Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (–66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (-100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (-63кг) миёни бонувон.
Миёни онҳо Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуданд.
Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Булғория Янислав Герчев, дар даври сеюм бар намояндаи Белорус Артем Коласау пирӯз шуд, вале дар чорякфинал қувваозмоиро бар варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов бохт. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвилии гурҷӣ ғолиб омада, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Комрон Нуралиеви мизбон мағлуб гардида, ҷои панҷумро ишғол кард.
Темур то ҷои панҷум расидан дар даври дуюм бар Ричард Сипоз (Маҷористон), дар даври сеюм бар Адам Окруашвилӣ (Гурҷистон) ва дар даври тасллобахш бар Мартти Пумалаинен (Финландия) дастболо шуда, дар чорякфинал аз варзишгари Ҷопон Кокоро Кагуера, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Олмон Эрик Абрамов шикаст хурд.
Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳиомв моҳи январи имсол дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар Доҳа низ ҷои панҷум ва дар Гранд Слами Тел Авив ҷои ҳафтумро сазовор шуда буд.
Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Бо ду ҷои панҷум тими ҷудои Тоҷикистон миёни 71 давлати иштирокчӣ ҷои 25-умро ишғол кард. Варзишгарони Ҷопон бо 9 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои аввалро гирифтанд. Муғулистон бо 2 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 1 нуҷра, 4 биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Пас аз натиҷагирии Гранд Слами Тошканд мавқеи варзишгарони мо дар радабандии олимпӣ тағйир ёфт. Темур Раҳимов, ки 360 хол ба даст овард, бо ҷамъи умумии 2811 хол як зина боло – аз ҷои 21 ба ҷои 20-ум баромад. Комроншоҳ Устопириён низ як зина боло шуда (аз ҷои 25 ба ҷои 24), мавқеашро беҳтар кард. Сомон Маҳмадбеков 2 зина аз даст дод: аз ҷои 15 ба ҷои 17.
Хотиррасон мекунем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.