08.02.2021
: 830
Панҷшанбе, 11-уми феврал, марҳилаи финалии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 (ФФТ) оғоз мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор сурат мегранд.
8-уми феврал маросими қуръакашии Ҷоми ФФТ-2021 баргузор шуд. Дар марҳилаи финалӣ, ки аз 11 то 20-уми феврал доир мешавад, 8 даста ширкат мекунанд.
Дар гурӯҳи “А” дастаҳои КМВА (Душанбе), “Равшан” (Кӯлоб), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ) ва “Истиқлол” (Душанбе) бо ҳам бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи “Б” дастаҳои “Эсхата-2” (Хуҷанд), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Хатлон” (Бохтар) ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ворид шуданд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа, дар натиҷаи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал роҳхат мегиранд. Қисмати финалии Ҷоми ФФТ-2021 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.
Ҷоми ФФТ-2021. Марҳилаи финалӣ
Гурӯҳи «А»
КМВА (Душанбе)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ)
«Истиқлол» (Душанбе)
Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» (Хуҷанд)
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Хатлон» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
Ҷадвали бозиҳо
1-ум давр
11 феврал (панҷшанбе)
Гурӯҳи «А»
КМВА – «Истиқлол»
«Равшан» – «Мастчоҳ»
Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» – «Регар-ТадАЗ»
«Барқчӣ» – «Хатлон»
2-юм давр
13 феврал (шанбе)
Гурӯҳи «А»
«Истиқлол» – «Мастчоҳ»
КМВА – «Равшан»
Гурӯҳи «Б»
«Эсхата-2» – «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ»
3-юм давр
15 феврал (душанбе)
Гурӯҳи «А»
«Равшан» – «Истиқлол»
«Мастчоҳ» – КМВА
Гурӯҳи «Б»
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
«Хатлон» – «Эсхата-2»