08.02.2021
: 879
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид, ки аз 31 январ то 6 феврал дар Минск (Белорус) доир гашт.
Дар бозии ҷамъбастии мусобиқа 6 феврал тими наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби наврасони Белорус бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати тими мо Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва амирҷони Фаррухзод заданд.
Дар даврҳои якуму дуюми “Ҷоми рушд-2021” шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) ғалаба карда буданд.
Ҳамин тариқ, тими Тоҷикистон аз 9 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” гардид.
Пас аз натиҷагирии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск дарвозабони тими наврасони Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабон, капитани дастаи мо Меҳрубони Абдурауф беҳтарин ҳимоятгар ва нимҳимоятгар Хусрав Толибов беҳтарин бозингари Ҷоми рушд-2021 эътироф шуданд.