14.01.2021
: 833
Қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор шуд.
Дар марҳилаи пешакии мусобиқа дар вилояти Хатлон дувоздаҳ даста ширкат мекунанд. Ин дувоздаҳ даста ба шашдастаӣ дар ду минтақа ҷудо мешаванд.
Дар минтақаи Бохтар дастаҳои «Пахтакор» (Қабодиён), «Хатлон» (Бохтар), «Бохтар-33-33» (Бохтар), «Чашма» (Шаҳритус), «Моҳир» (Ёвон) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) иштирок менамоянд.
Дар минтақаи Кӯлоб бошад, барои соҳиб шудани роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), «Ҳулбук» (Восеъ), «Ҳосилот» (Фархор), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Шоҳин» (Муъминобод) рақобат мекунанд.
Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Бохтар рӯзи 22 январ дар варзишгоҳи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дар минтақаи Кӯлоб бошад, рӯзи 23 январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб шуруъ мешавад.
Дастаҳои ғолиби марҳилаҳои минтақавии вилояти Хатлон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 мешаванд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад.