14.01.2021
: 948
Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон ҷои панҷумро ишғол кард.
Мусобиқа бо иштироки 398 варзишгар (215 мард, 183 зан) аз 68 давлати дунё 11-13 январ дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд.
Аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов ба ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ даъват шуданд.
Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал бар варзишгари Австрия Стефан Ҳегӣ, дар даври дуюм бар паҳлавони Исроил Ор Сассон ғалаба карда, дар чорякфинал аз намояндаи Руссия Инал Тасоев, ки медали нуқраи ин вазнро ба даст овард, мағлуб шуд. Темур сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Ким пирӯз шуд, вале дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз паҳлавони Украина Йакив Хаммо шикаст хурд ва ҷои панҷумро ишғол намуд.
Темур Раҳимов барои ҷои панҷум дар мусобиқаи ситораҳои ҷудо 648 хол ба даст овард, ки мавқеашро дар радабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мустаҳкамтар хоҳад кард.
Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки ҳар се паҳлавон аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунанд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо тақвими мусобиқаҳоро то Бозиҳои олимпӣ нашр кард, ки муҳлати интихобӣ 28 июн бо баргузории Чемпионати ҷаҳон ба анҷом мерасад.
Паҳлавонони мо имкон доранд моҳи феврал дар Гранд Слами Телавив, Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг, моҳи март дар Гранд Слами Тошканд, Гранд Слами Тбилиси, моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия, Чемпинати Осиё дар Қирғизистон, моҳи май дар Гранд Слами Париж ва моҳи июн дар Чемпионати ҷаҳон дар Будапешт иштирок карда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош кунанд.