18.12.2020
: 900
Дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, мунтахабҳои наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19)-и Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона доир мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд.
23 ва 26 декабр дар Душанбе бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон сурат мегирад. 24 ва 27 декабр бошад, вохурии дӯстонаи тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду кишвар доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Узбекистон баргузор мешаванд, ширкат менамоянд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Узбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар вомехурад.
Бозиҳои рафиқона
23 декабр (чоршанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
24 декабр (панҷшанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)
26 декабр (шанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)
27 декабр (якшанбе)
Оғоз – 14:00
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)
Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.