16.12.2020
: 4546
Пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа 21-ум Бозиҳои Осиёро соли 2030 қабул мекунад.
Доҳа дар овоздиҳии пӯшидаи 39-ум ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) 16 декабр дар Маскати Уммон бештари овозҳоро соҳиб шуд. Дар Доҳа соли 2006 Бозиҳои Осиё баргузор шуда буд.
Соли 2034 бошад, 22-юм Бозиҳои Осиё дар шаҳри Риёзи Арабисони Саудӣ доир хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, шаҳрҳои мизбони чор Бозиҳои Осиёи оянда маълум аст.
Дар ҷаласа муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ва котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.
Дархости Доҳа маҷмӯӣ ва бехатар буд: ҳамаи иншооти варзишӣ алакай омодаанд. Мизбони Бозиҳои Осиё интихоб шуданаш эътибори онро ҳамчун шаҳри варзишии сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебарад, ки имкон медиҳад ҳама гуна мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро гузаронад. Чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба футбол соли 2022 дар Қатар доир мегардад.
Риёз ягон маротиба Бозиҳои Осиёро қабул накардааст, аммо акнун оилаи олимпии Осиёро соли 2034 пазироӣ хоҳад кард.
Пеш аз овоздиҳӣ президенти ОСА шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ гуфт, ки пеш аз ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ бо намояндагони ҳар ду шаҳри номзад вохурд ва онҳо ба пешниҳод оид ба он ки шаҳре ки овозҳои бештарро соҳиб мешавад, Бозиҳои Осиёро соли 2030 қабул мекунад, шаҳри мағлуб соли 2034 розӣ шуданд.
Шайх Аҳмад гуфт, ки ин тасмим ба хотири рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдат гирифта шуд ва фазои “мағлубнашуданӣ”-ро фароҳам кард.
“Ман бовар дорам, ки шумо таърих месозед ва ифтихор мекунам, ки ду Бозиҳои Осиёро дар Ғарби Осиё мегузаронем, - иброз намуд шайх Аҳмад дар муроҷиат ба намояндагони 45 кумитаи миллии олимпии қора. Ташаккур, Осиё, барои ҳамдилӣ ва ҳамоҳангӣ”.Шумораи овозҳо дар интихоби шаҳр-мизбон чунин буд: 27 овоз ба Доҳа, 10 овоз барои Риёз, 8 овози муқобил.
Шаҳрҳое, ки Бозиҳои Осиёро қабул кардаанд: 1951 - Деҳлӣ, Ҳиндустон; 1954 - Манила, Филиппин; 1958 - Токио, Ҷопон; 1962 - Ҷакарта, Индонезия; 1966 - Бангкок, Тайланд; 1970 - Бангкок, Тайланд; 1974 - Теҳрон, Эрон; 1978 - Бангкок, Тайланд; 1982 - Деҳлӣ, Ҳиндустон; 1986 - Сеул, Корея; 1990 - Пекин, Чин; 1994 - Ҳирошима, Ҷопон; 1998 - Бангкок, Тайланд; 2002 - Бусан, Корея; 2006 - Доҳа, Қатар; 2010 - Гуанжоу, Чин; 2014 - Инчон, Корея; 2018 - Ҷакарта-Палембанг, Индонезия.19-ум Бозиҳои Осиё аз 10 то 25 сентябри соли 2022 дар Ҳангжоуи Чин; 20-ум Бозиҳои Осиё аз 19 сентябр то 4 октябри 2026 дар шаҳрҳои Аичӣ ва Нагаяи Ҷопон; 21-ум Бозиҳои Осиё соли 2030 дар Доҳаи Қатар; 22-юм Бозиҳои Осиё соли 2034 дар Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор хоҳанд шуд.