01.10.2020
: 981
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзишии болопӯшидаро ба истифода доданд.
Майдончаи варзишӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ғозизода Азиз бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳатии умумии майдонча 16 садяк заминро ташкил намуда, бо дарозии 43 ва паҳноии 23 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои соҳаи варзиш бунёд гардидааст. Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд.
Феълан дар ноҳияи Шаҳринав 62 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 38 майдонча ба истифода дода шудааст, ки ҷавонону наврасон аз он самаранок истифода мебаранд.
Ёдрас мешавем, ки бунёди майдонча ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам намуд, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шаҳринав бо иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 27 медал, аз ҷумла 12 медали тилло ва 15 медали нуқра гардидаанд.
Зимни боздид аз шароити фароҳамгардидаи майдончаи варзишӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ҷавонону наврасонро ба истифодаи самараноки чунин имконияту шароити барояшон фароҳамгардида ҳидоят карданд.