10.09.2020
: 976
Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал миёни дастаҳои “Соро компания”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб сурат мегирад.
9 сентябр бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон доир гардиданд. Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз “Соро компания” бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Некрӯз Алимаҳмадов, Рустам Ҳомидов ва Муҳаммад Раҷабов заданд.
Дар бозии дигар “Равшан” дар сафар бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд. Дар ҳайати “Равшан” Умеди Ҳисайн хет-трик анҷом дод.
Ҳамин тариқ, дар финали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал-2020 дастаҳои “Соро компания” ва “Равшан” вомехуранд. Дидори дастаҳо 12 октябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад.