Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Зебонисо” – дукарата ғолиби лигаи футболи бонувони Тоҷикистон

10.09.2020

: 982

Дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе, дар даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон тими “Хатлон”-и Бохтарро мағлуб намуда (3:0), ғолиби чемпионат гардид.

Бозии марказии даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 9 сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, ки дастаи маҳалӣ – “Хатлон” тими “Зебонисо”-ро қабул кард. Барои ба даст овардани унвони чемпионӣ ба “Хатлон” ҳисоби мусовӣ кофӣ буд, вале “Зебонисо” бояд ҳатман ғалаба мекард.
Бозии ҳалкунанда бо пирӯзии тими пойтахт анҷом ёфт – 3:0. Дар ҳайати “Зебонисо” голҳоро Наталя Сотникова, Некубахт Худододова ва Нисо Абдуллоева заданд.
Ҳамин тариқ, “Зебонисо” бо 49 хол дар ҷои аввали ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ин даста қаблан соли 2018 ғолиби чемпионат гардида буд.
Медалҳои нуқра насиби дастаи “Хатлон” шуд (47 хол), медалҳои биринҷиро бошад, тими “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард.
Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистонро ба дарвозабони тими “Зебонисо” Сайёра Саидова сазовор донистанд. Ҳамлагари тими “Хатлон” Лайло Ҳалимова, ки дар 18 бозӣ 78 гол задааст, беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингарро бошад, Рафина Нормуродова аз дастаи “Бешкент” ба даст овард.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон. 18-ум давр
«Хатлон» – «Зебонисо» – 0:3
«Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:6
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:0
«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1
«Барқ» – «Равшан» – 0:0

   ДАСТАҲО                                   Б         Ғ        М        Б        Т-Т         Х       
 1      "Зебонисо" (Душанбе)  18  16  1  1  171-3  49
 2  "Хатлон" (Бохтар)  18  15  2  1  133-8  47
 3  "Зебо" (Дӯстӣ)  18  13  3  2  124-12       42
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  18  12  1  5  94-19  37
 5  "Бешкент" (Носири Хусрав)  18  9  2  7  67-27  29
 6  "Равшан" (Кӯлоб)  18  4  1  13  9-83  13
 7  "Барқ" (Норак)  18  3  3  12  7-106  12
 8  "Ҳосилот" (Фархор)  18  3  3  12  9-117  12
 9  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)        18  2  4  12  18-121  10
 10  "Чашма" (Шаҳритус)  18  3  0  15  10-152  9