Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаҳои даври сеюми лигаи бонувон

14.07.2020

: 1134

Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор шуд.

Ин бор чемпиони феълии лигаи бонувон – “Хатлон”-и Бохтар дар сафар бар тими “Бешкент” ғалаба кард – 2:1. Футболбозбонувони дастаи “Зебонисо”-и пойтахт ба дарвозаи дастаи “Панҷшер” 14 голи беҷавоб заданд. “Регар-ТадАЗ” низ тими “Ҳосилот”-ро бо ҳисоби калон (6:0) мағлуб намуд. “Чашма” нисбат ба “Равшан” пурзуртар буд – 1:0. “Зебо” бошад, дар меҳмонӣ бар тими “Барқ” бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад.
Пас аз натиҷагирии се давр дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон “Зебо” ва “Хатлон” бо 9-холӣ пешсафанд.
Бозиҳои даври чорум 15 июл доир мегардад. «Хатлон» бо «Зебо», «Чашма» бо «Барқ», «Ҳосилот» бо «Равшан», «Зебонисо» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Бешкент» бо «Панҷшер» вомехуранд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Зебо" (Дӯстӣ)    3  3  0  0  14-0    9
 2  "Хатлон" (Бохтар)    3  3  0  0  11-1  9
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     3  2  0  1  14-1  6
 4  "Зебонисо" (Душанбе)  3  2  0  1  17-2  6
 5  "Чашма" (Шаҳритус)  3  2  0  1  7-12  6
 6  "Бешкент" (Носири Хусрав)  3  1  0  2  4-5  3
 7  "Барқ" (Норак)  3  1  0  2  1-13  3
 8  "Ҳосилот" (Фархор)  3  0  1  2  1-9  1
 9  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     3  0  1  2  2-21  1
 10    "Равшан" (Кӯлоб)  3  0  0  3  0-10  0