Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Томас Бах: “Барҳам додани Бозиҳои олимпӣ осон буд, вале...”

13.07.2020

: 1225

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах изҳор намудааст, ки барҳам додани Бозиҳои олимпии Токио-2020 нисбат ба таҳвил доданаш осонтар буд.

Дар мусоҳиба бо “L'Equipe” Томас Бах гуфтааст: «Мо ин ҷо ҳастем, ки бозиҳоро ташкил кунем, на барҳам диҳем”.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо сабаби авҷи бемории коронавирус ба соли 2021 таҳвил дода шуд ва ба ташкилкунандагон мушкилиҳои моддӣ-тахникӣ пеш овард. Мушкили асосӣ нигоҳ доштани маконҳо барои мусобиқаҳо ва шаҳраки варзишгарон, меҳмонхонаҳо, нақлиёт, билетҳо ва волонтёрон то ба муддати як соли дигар мебошад. Ба ҳисоби КБО маблағҳои иловагӣ барои бозиҳо 650 миллион долларро ташкил медиҳад.
“Барҳам додани бозиҳо дар ҳолати форс-мажор барои КБО осон буд, барои ин мо аз ҳисоби суғурта даромад мегирифтем, - гуфтааст Томас Бах ба “L'Equipe”. – Вале вазифаи мо ин аст, ки бозиҳоро ташкил кунем, на барҳам диҳем. Буҳрони ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳамгироӣ ҳам дар варзиш ва ҳам дар ҷомеа бисёр зарур аст. Ман бовар дорам, ки ҳамгироӣ ба ҳамкории зич миёни федератсияҳои байналмилалӣ ва ташкилкунандагони чорабиниҳои калон боис мегардад”.
Қаблан иттилоъ дода шуд буд, ки барои нигоҳ доштани 80 дарсади иншооти Бозиҳои олимпӣ, мисли шаҳраки варзишгарон, ки бояд ҳамчун манзилҳои истиқоматӣ фурухта мешуд, “Tokyo Big Sight”, ки барои маркази матбуот нигаронида шуда буд, монеаҳо пеш омад.
32-юм Бозиҳои Олимпиада бояд аз 23 июл то 8 августи соли оянда баргузор шавад, аммо боиси нигаронист, ки гирифторшавӣ ба вируси корона дар ҷаҳон коҳиш намеёбад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки барои бехатар гузаронидани Бозиҳои олимпӣ бояд ваксина сохта шавад.