Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Баҳрайн бо кадом дастаҳо вомехурад?

18.06.2020

: 1166

18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии Чемпионати Осиё миёни наврасони то 16-сола баргузор шуд.

Дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи “В” ворид шуд, ки бо дастаҳои Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад.
Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасон, ки аз 25 ноябр то 12 декабр дар Баҳрайн баргузор хоҳад шуд, 16 даста иштирок мекунанд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чор гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ таркиб ёфт.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ дар даври чорякфинал муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд. Идомаи чемпионат аз рӯи системаи олимпӣ, дастае, ки бозиро бохт, аз мусобиқа хориҷ мешавад, баргузор мегардад.
Чор дастаи беҳтарини қора ба Чемпионати ҷаҳон-2021 (U-17), ки баргузориаш дар Перу ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё миёни наврасон (U-16):
Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, ҶХД Корея, Эрон, Қатар.
Гурӯҳи «В»: ТОҶИКИСТОН, Уммон, Яман, АМА.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Ҳиндустон, Узбекистон.
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Чин.