Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии хонагии “Хатлон” ва “Куктош”

18.06.2020

: 1170

17 июн ду бозии дигари даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар тими “Душанбе-83” ғалаба кард – 1:0. Голи ягонаро Умарҷон Шарифов дар дақиқаи 70 ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигар дастаи “Куктош” тими “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Дастаи ноҳияи Рӯдакӣ тавассути зарбаи нишонраси Муҳсинҷон Абдуғаффоров дар дақиқаи 35 соҳиби се хол шуд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии даври панҷум, дар ҷадвали чемпионат дуҳокимиятӣ ҷараён дорад. “Истиқлол” ва “Хатлон” бо 13-холӣ пешсафанд. “Хуҷанд” бо 10 хол дар мақоми сеюм мебошад.
Бозиҳои даври шашуми лигаи олӣ рӯзҳои истироҳати оянда баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе – 20 июн – “Файзканд” бо “Хуҷанд”, “Истиқлол” бо “Истаравшан” бозӣ мекунанд. 21 июн шоҳиди бозии дастаҳои “Локомотив-Помир” бо “Регар-ТадАЗ”, “Душанбе-83” бо “Куктош” ва КМВА бо “Хатлон” хоҳем шуд.

     Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1    "Истиқлол" (Душанбе)      5  4  1  0  23-4  13
 2  "Хатлон" (Бохтар)  5  4  1  0  11-7  13
 3  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  5  3  1  1  10-7  10
 4  "Файзканд" (Восеъ)  5  2  3  0  8-6  9
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  5  2  2  1  6-7  8
 6  "Локомотив-Помир" (Душанбе)      5  1  1  3  6-9  4
 7  КМВА (Душанбе)  5  1  1  3  6-9  4
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  5  1  1  3  8-12  4
 9  "Душанбе-83" (Душанбе)  5  1  1  3  2-10  4
 10    "Истаравшан" (Истаравшан)  5  0  0  5  4-13  0