03.01.2020
: 1080
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд иштирок мекунад, ҳамчунин дар Даммом бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Кувайт бозиҳоии рафиқона доир менамояд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси даниягӣ Деян Дедович дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки 2-8 феврал дар шаҳри Ҳат Йайи Тайланд баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар баробари тими Тоҷикистон боз 5 дастаи мунтахаби дигар иштирокчии мусобиқа хоҳанд буд, ки дар ду гурӯҳи седастаӣ бозӣ мекунанд. Аз ҳар ду гурӯҳ дудастаӣ ба нимфинал баромада, барои ҷои аввал талош мекунанд. Ҳамчунин, бозӣ барои ҷои сеюм доир мешавад.
Баъд аз анҷоми мусобиқа тими футзали Тоҷикистон ба шаҳри Даммоми Саудӣ сафар мекунад ва бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (12 феврал) ва Кувайт (13 феврал) ду бозии санҷишӣ доир менамояд.
16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 26 феврал то 8 марти 2020 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон сурат мегирад. Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад. Дар натиҷаи мусобиқа панҷ дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 12 сентябр то 4 октябр дар Литва мегузарад, роҳхат мегиранд.