03.01.2020
: 1380
Соли 2020 дар сатҳи ҷаҳон, қора ва ҷумҳурӣ воқеаҳои муҳими варзишӣ баргузор мегарданд.
Бозиҳои маҷмӯии варзишии ҷаҳонӣ
24 июл то 9 август ҳамаи чашмҳо сӯи Токио менигаранд. Пойтахти Ҷопон маротибаи дуюм дар таърих бузургтарин чорабинии варзишӣ – Бозиҳои олимпиро қабул мекунад. Токио соли 1964 мизбони Бозиҳои Олимпиада буд. Дар Токио беш аз 10 000 варзишгар аз 204 давлати дунё ба ҳам меоянд ва аз рӯи 33 намуди варзиш барои 339 маҷмӯи медалҳо нерӯ месанҷанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ тамоми имкониятҳоро ба варзишгарон равона намудаанд. Солҳои 2018-2019 баъзе мусобиқоти интихобии олимпӣ баргузор шуданд, вале бахт ба рӯи варзишгарони мо нахандид. Акнун соли 2020 барои варзишгарон ва масъулони соҳа соли муҳим мебошад. Инро ба назар гирифта, бо истифода аз таҷрибаи соли 2019 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузории дастаҳои мунтахабро таҳия намуда, ба имзо мерасонанд. Дар асоси ин санад варзишгарон аз аввали сол медонанд, ки давоми сол дар кадом мусобиқаҳо иштирок карда, дар куҷо ба тамрин машғул мешавад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар ин самт хароҷоти беш аз чор миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қисми зиёдаш аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷудо мегардад. Тибқи нишондодҳо варзишгарони мо дар намудҳои дзюдо, бокс, гуштин, варзиши сабук, қайиқронӣ имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд.
Дзюдочиёни мо аллакай 10 январ ба сафар мебароянд. Онҳо дар Олмон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, 23-25 январ дар Гран Прии Тел Авив (Исроил), 8-9 феврал дар Гранд Слами Париж (Фаронса), 21-23 феврал дар Гранд Слами Дусселдорф (Олмон) ва 6-8 март дар Гран Прии Роббот (Марокаш) иштирок карда, ба Ватан бармегарданд. Сипас, паҳлавонони мо барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ 13-15 март дар Гранд Слами Екатеринбург (Руссия), 27-29 март дар Гран Прии Тбилисӣ (Гурҷистон), 3-5 апрел дар Гран Прии Анталия (Туркия), 17-19 апрел дар Чемпионати Осиё/Уқёнус дар Муғулистон, 8-10 май дар Гранд Слами Боку (Озарбойҷон) ва 28-30 май дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо дар Доҳаи Қатар ширкат менамоянд. 1 июн Федератсияи байналмилалии дзюдо радабандии олимпиро нашр мекунад, ки дар асоси он 22 нафари ҳар вазн имкони иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд.
Дастаи мунтахаби бокси кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ дар ду мусобиқа талош менамоянд: мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки 3-14 феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегардад ва мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ, ки 13-20 май дар Парижи Фаронса ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқаҳоро гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ мегузаронад. Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷои аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг-и бонувон, 5 ҷои аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг-и мардон ва 4 ҷои аввали вазнҳои 91, +91 кг-и мардон ва 57, 60, 69, 75 кг-и бонувон ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои 3 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат мешаванд.
Гуштинигиронамон дар равияҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ низ дар ду мусобиқа – қоравӣ (27-29 март дар Сиани Чин) ва ҷаҳонӣ (30.04-3.05 дар Софиаи Булғория) имкони ба даст овардани роҳхати олимпиро доранд. Гуфтан зарур аст, ки варзишгароне, ки моҳи сентябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби роҳхат шуданд, ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд. Варзишгари маъруф Зелимхон Юсуфов, ки соли 2015 барои истифодаи допинг ҷазо гирифта буд, акнун имкон дорад дар мусобиқаҳо иштирок карда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош кунад.
Қайиқрони маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио ду имконият дорад: мусобиқаи интихобии Осиё (26-29 март дар Патайаи Тайланд), мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ (21-24 май дар Дуисбурги Олмон).
Дар варзиши сабук ҳамаи мусобиқаҳо, ҳатто Чемпионати Тоҷикистон интихобӣ маҳсуб меёбад, фақат меъёри муқарраркардаи Ташкилоти варзиши сабуки ҷаҳониро иҷро кардан зарур аст. Ҳамчунин, тавассути радабандии ҷаҳонӣ варзишгарон роҳхати олимпиро сазовор мешаванд.
Пас аз чанд аз рӯз – 9 январ – дар Лозаннаи Швейтсария Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон шуруъ мегардад. Наздики 2000 варзишгари ҷавон аз 70 давлати дунё то 22 январ аз рӯи 8 намуди варзиш барои 81 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.
13-19 сентябр пойтахти Муғулистон – шаҳри Уланбатор аввалин Бозиҳои сабз миёни ҷавононро қабул мекунад. Бозиҳо бо сарпарастии UNESCO аз рӯи 19 намуди варзиш доир мегардад. Дар он варзишгарони 195 давлати узви ин созмон ширкат хоҳанд кард.
Чорабиниҳои варзишии қоравӣ ва минтақавӣ
Дар анҷоми сол – аз 28 ноябр то 6 декабр – дар шаҳри Санйаи Чин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиё ба нақша гирифта шудааст. Ба барномаи бозиҳо 17 намуди варзиш - баскетболи соҳилӣ (3х3), акватлон (шиноварӣ ва дав), варзиши сабук, варзишҳо дар об (тӯббозӣ дар об, марафони кушоди шиноварӣ, шиноварӣ), волейболи соҳилӣ, вудболи соҳилӣ, гуштини соҳилӣ, заврақронӣ, кабаддии соҳилӣ, катерронӣ дар об, қайиқи дракон, мавҷбозӣ (кайтсерфинг, виндсерфинг), параплан, теқбол, футболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, шӯхпаймоӣ – ворид гардидаанд. Варзишгарони мо дар намудҳои баскетбол, шиноварӣ, варзиши сабук, акватлон, волейболи соҳилӣ, гуштини соҳилӣ, футболи соҳилӣ имкони иштирок дар бозиҳоро доранд.
Ҳамчунин, имсол аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Мизбонии чорабиниро аз 20-ум то 27-уми август шаҳри Қазони Русия бар уҳда гирифтааст. Дар бозиҳо дастаҳои мунтахаби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Украина иштирок хоҳанд кард.
Ба барномаи мусобиқот 19 намудҳои варзиш, мисли дзюдо, самбо, волейболи соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, футзал, бокс, бокси тайландӣ, шоҳмот, рақси варзишӣ, шамшербозӣ, каратэ, варзиши сангбардорӣ, армрестлинг (дастхобонӣ), мас-реслинг, гуштии озод, гуштии юнонӣ-румӣ, гуштии камарбандӣ, варзиши сабук ва баскетбол (3x3) дохиланд.
Соли 2020 дастаи мунтахаби футзали кишвар ва тимҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва то 19-солаи мамлакат оид ба футбол дар чемпионатҳои Осиё-2020 ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби футболи мамлакат бошад, барои роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2022 бозиҳояшро дар 3 даври боқимонда идома медиҳад, ки ду бозӣ муқобили тимҳои Муғулистон (26 март) ва Мянмар (9 июн) дар Душанбе доир мегарданд. Як бозии дигари тими миллии кишвар дар сафар муқобили Ҷопон (4 июн) баргузор мешавад.
Дар Тоҷикистон
Соли 2020 дар Тоҷикистон маҷмааи варзишии универсалӣ дар рӯ ба рӯи Боғи фарҳангу фароғати Умари Хайём (Лучоб) ба истифода дода хоҳад шуд. Маҷмааи варзишӣ бо маблағгузории МИҲД шаҳри Душанбе сохта шуда, дорои ҳавзҳои шиноварии пӯшида, нимпӯшида ва кортҳои теннис мебошад.
Чун анъана 18 апрел Ниммарафони байналмилалии Душанбе, аввали моҳи сентябр мусобиқаи байналмилалии теннис миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ва аввали моҳи октябр Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо доир хоҳанд шуд. Баргузории Дави миллӣ дар таърихи 17 май, дав ва марафони велосипедронӣ ба ифтихори Наврӯз ва чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи олимпӣ дар санаи 23 июн дар назар аст.