02.12.2019
: 1176
Варзишгари тоҷик Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо сазовори медали биринҷӣ шуд.
Мусобиқа 30 ноябр - 1 декабр дар Ҳонг Конг бо иштироки 163 варзишгар (96 мард, 67 зан) аз 30 давлат баргузор гашт.
Аз ҷумҳурии мо ду варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни -100кг дар мусобиқа иштирок карданд. Хуршед дар даври аввал аз Даниел Дичеви булғористонӣ, ки ғолиби вазни -100кг шуд, мағлуб гардид, сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Чехия Радек Ҳеклро шикаст дод. Медали нуқраро варзишгари Муғулистон Хангал Одбаатар ба даст овард.
Хайёмиддин, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари мизбон Чо Фунг Леунг, дар чорякфинал бар варзишгари Муғулистон Чоиҷилсурен Ганболд пирӯз гардида, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал аз намояндаи Руссия Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки ғолиби вазни -73кг гардид ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Муғулистон Болор-Очир Герелтуйа мағлуб гашта, ҷои панҷумро ишғол кард. Медали нуқраи вазни -73кг насиби намояндаи Қазоқистон Медиёр Сембаев, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Константин Габун гардид.