Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаласаи навбатии “Роҳ ба сӯи Токио” баргузор шуд

Ҷаласаи навбатии “Роҳ ба сӯи Токио” баргузор шуд Ҷаласаи навбатии “Роҳ ба сӯи Токио” баргузор шуд Ҷаласаи навбатии “Роҳ ба сӯи Токио” баргузор шуд

02.12.2019

: 338

29 ноябр дар Кумитаи миллии олмипии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 баргузор шуд.

Дар ҷаласа, ки бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров доир гашт, масъулони Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ ширкат доштанд.
Иштирокчиён нақшаҳои сеҷонибаи омодагии дастаҳои мунтахабро натиҷагирӣ карданд. Қайд гардид, ки аз амалӣ намудани ин иқдом натиҷаи хуб ба даст омад. Аз ҷумла, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов гуфт, ки нақша сад фоиз иҷро шуд ва дар натиҷа бори аввал дар таърихи дзюдои кишвар дзюдочиёни тоҷик медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ду медали биринҷии мусобиқоти Гранд Сламро ба даст оварданд. Таъкид гардид, ки 6 варзишгари мо имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд ва онҳо то анҷоми марҳилаи интихобӣ (30 майи 2020) бояд дар 10 мусобиқа иштирок кунанд, ки аллакай масъалаи сафарбар кардани ин шаш нафар ба 4 мусобиқаи аввали соли 2020 аз ҷониби федератсия ҳал карда шудааст.
Федератсияи қайиқронӣ низ қариб пурра нақшаро иҷро кард. Вале федератсияҳои бокс ва гуштин бо сабабҳои гуногун нақшаро пурра иҷро накарданд.
Дастур дода шуд, ки нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузории дастаҳои мунтахаб миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳо барои соли 2020 омода ва барои тасдиқ пешниҳод карда шавад. Таъкид гардид, ки дар нақша ба варзишгароне, ки имкони гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020-ро доранд, бартарият дода шавад.
Дар ҷаласа масъалаҳои дигари омодагии масъулон ва федератсияҳо ба Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 29 июл то 9 августи соли оянда баргузор мешавад, муҳокима гардид.