28.10.2019
: 1387
28 октябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муовинони Президенти Кумита Шамсулло Соҳибов ва Абдуллозода Аҳтам бо чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо Сомон Маҳмадбеков мулоқот карданд.
Шамсулло Соҳибов барои ғолибият дар Чемпионати ҷаҳон ва баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбековро табрик намуда, барои машқу тамринҳои пайваста ва идомаи сабқатҳо дар мусобиқаву чемпионатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба ин варзишгари маъруфи кишвар муваффақият таманно намуд.
- Мо - масъулини Кумитаи миллии олимпӣ талош менамоем, ки тамоми имкониятҳои маҷударо барои варзишгарон фароҳам оварем. Маҳз дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик тамоми инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз варзишгарон машқу тамринҳои пайваста ва омӯзиши усулҳои гуногунро тақозо менамояд, то ки дар сабқат бо ҳарифони хеш ғолибият ба даст оваранд, – иброз намуд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ.Абдуллозода Аҳтам иброз намуд, ки дастоварди навбатӣ дар Чемпионати ҷаҳон миллати тоҷикро руҳбаланд намуда, дар замири наврасону ҷавонон ва варзишгарони навраси кишвар шуълаи умеди музаффариятро бедор намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро дар замири онҳо бедор намуд. “Бо зафарияти Шумо дар арсаи байналмилали Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардида, Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи милли олимпии кишвар барои сабқатҳо, машқу тамринҳо ва баргузории машқҳои дастаҷамъонаи варзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар омодааст, ки ба Шумо мусоидат намояд. Мо боварии комил дорем, ки дар мусобиқаҳои минбаъда ба дастовардҳои навбатӣ ноил гардида, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 миллати тоҷикро муаррифӣ менамоед”.
- Дар заминаи шароитҳои фароҳамоваради Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - варзишгарон имкон фароҳам омад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, мақомҳои ифтихориро касб намоем. Имкониятҳои фароҳамовардашуда дар самти варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарон имкон медиҳад, ки пайваста тамрин намоянд ва тавонанд дар арсаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро муаррифӣ кунанд, – иброз намуд Сомон Маҳмадбеков.