Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хуҷанд” – барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2019

25.10.2019

: 1090

Клуби футболи “Хуҷанд”, дар бозии мавқуфмондаи даври 13-уми лигаи олӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, пеш аз муҳлат медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистонро дар соли 2019 ба даст овард.

Дар ҳайати тими “Хуҷанд” голҳоро Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов заданд. Голи “Истаравшан”-ро Бахтовар Зокиров ба номаш сабт кард.
То анҷоми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар боқӣ мондааст. Бозиҳои даври навбатӣ 27 октябр ва бозиҳои даври ҷамъбастӣ 4 ноябр баргузор мешаванд.

   ДАСТАҲО    Б      Ғ      М      Б       Т/Т      Х    
 1   "Истиқлол" (Душанбе)      19  15  3  1  56-16    48
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  19  11  3  5  36-18  36
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     19  8  4  7  31-30  28
 4  "Хатлон" (Бохтар)  19  6  5  8  25-26  23
 5  КМВА "Помир" (Душанбе)  19  6  5  8  19-24  23
 6  "Куктош" (Рӯдакӣ)  19  6  5  8  26-33  23
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  19  6  3  10  20-32  21
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     19  3  2  14  15-49  11

Тақвими бозиҳои оянда:

Чемпионати Тоҷикистон
20-ум давр

27 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 15:00

«Хатлон» – КМВА «Помир»
«Истиқлол» – «Хуҷанд»
«Истаравшан» – «Панҷшер»
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ»

Ҷоми Тоҷикистон
½-финал. Бозиҳои ҷавобӣ

1 ноябр (панҷшанбе)
Оғоз – соати 14:00

«Ҳулбук» – «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Чемпионати Тоҷикистон
21-ум давр

4 ноябр (душанбе)
Оғоз – соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»
«Панҷшер» – «Куктош»
«Хуҷанд» – «Истаравшан»
КМВА «Помир» – «Истиқлол»

Ҷоми Тоҷикистон
Финал

24 ноябр (якшанбе)
Оғоз – соати 14:00