Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот Душанбе-1 – ғолиби Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

05.10.2019

: 1440

Дастаи Душанбе-1 дар аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат ғолиб гардид.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа 1-5 октябр дар маҷмааи варзишии “Борбад”-и шаҳри Душанбе бо иштироки 8 даста – дудастаӣ аз Душанбе, Хатлон, ШНТМ ва якдастаӣ аз Суғду Бадахшон дар 7 давр доир гардид.
Дастаи Душанбе-1 бо ба даст овардани 34 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Дастаи Суғд бо 33 хол ҷои дуюм, дастаи Душанбе-2 бо 28,5 хол ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Дар мусобиқоти инфиродӣ бошад, миёни наврасон намояндагони ВМКБ Эҳсон Ҷумъаев (писарон), Сафина Дӯстмамадова (духтарон) ғалаба карданд. Ҷои дуюм насиби намояндагони дастаи Хатлон-2 Замони Бозоралӣ (писарон), Беназири Абдураҳмон (духтарон), ҷои сеюм насиби Парвиз Ахмедов аз дастаи Хатлон-1 (писарон), Нӯшин Мунавварзод аз ШНТМ (духтарон) гардид.
Миёни ҷавонон Шамил Асалбеков аз ВМКБ (мардон) ва Фотима Пирова аз дастаи Хатлон-1 (духтарон) пирӯз шуданд. Ҷои дуюм насиби намояндагони ШНТМ Комрон Давлатзода (писарон), Афсонаи Давлатшоҳ (бонувон), мақоми сеюм насиби Олимҷони Баҳодур аз дастаи Хатлон-2 (писарон) ва Адиба Мақсудшоева аз ВМКБ (духтарон) гардид.
Миёни мардон намояндаи дастаи Хатлон-1 Аъзам Юнусов, миёни занҳо Зулфия Мамадназарова аз ВМКБ ҷои аввалро ба даст оварданд. Олуча Ҷумъаев аз ВМКБ (мардон), Савринисо Сафарова аз Хатлон-2 (занҳо) мақоми дуюм, Ашур Ёрмадов аз дастаи Хатлон-2 (мардон) ва Саврӣ Шарифова аз ШНТМ (занҳо) ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Маросими ҷамъбасти мусобиқа дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Мағфират, намояндагони вазорату идораҳо доир гашт.
Аҳтам Абдуллозода зимни баромадаш, аз ҷумла қайд кард, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат бо ташаббус ва супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарпарастии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори аввал дар 4 марҳила миёни се синну сол баргузор шуд ва ҳудуди миллион нафар дӯстдорони варзиши зеҳниро дар саросари кишвар фаро гирифт. “Даври ҷамъбастии мусобиқа ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар пойтахти кишвар бо иштироки 64 нафар ғолибони марҳилаҳои интихобӣ баргузор шуд. Ман ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорони аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат ва дар ин баробар ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик мегӯям”, - афзуд Абдуллозода А.
Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ бо ҷом, медал, ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои пулии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Ба дастаи Душанбе-1 30 000 сомонӣ, ба дастаи Суғд 25 000 сомонӣ, ба дастаи Душанбе-2 20 000 сомонӣ тақдим гардид.
Дар мусобиқоти инфиродӣ бошад, ба ғолибон 1700 сомонӣ, барои ҷои дуюм 1300 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, як қатор вазорату идораҳо барои мусоидат кардан дар баргузории мусобиқа ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.