05.10.2019
: 1290
Голи Шаҳром Самиев ба тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) муқобили Лубнон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” пирӯзӣ овард.
Бозӣ шоми 4 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар бозии дигари гурӯҳ мунтахаби ҷавонони Сурия бар тими ҷавонони Малдив бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Баъд аз натиҷагирии ду давр Тоҷикистон бо 6 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Сурия бо 4 хол дар ҷои дуюм, Лубнон бо 1 хол дар ҷои сеюм ва Малдив бе хол дар ҷои чорум мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” 6 октябр доир мегардад. Футболбозони мо муқобили ҳамсолонашон аз Сурия вориди майдон мешаванд. Оғози бозӣ – 19:00. Қабл аз ин дидор, соати 16:00 тимҳои Лубнон ва Малдив бо ҳам вомехуранд.
Ёдовар мешавем, дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола 46 даста дар 11 гурӯҳ иштирок доранд. Дар натиҷа, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.