08.05.2019
: 923
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳандбол миёни мардҳо сурат гирифт.
Дар чемпионат 8 даста аз минтақаҳои ҷумҳурӣ - дудастаӣ аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва шаҳри Душанбе, дастаҳои Суғд ва Ҳисор иштирок карданд. Дастаҳо дар ду гурӯҳ мубориза бурда, дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ ба нимфинал роҳ ёфтанд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-1 бар тими ВМКБ-2 пирӯ гардида, унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор гардид.
Саидаброр Зардонов аз дастаи Душанбе-1 беҳтарин бозингари чемпионат эътироф шуд.
“Ҳадафи чемпионат мустаҳкам кардани дӯстӣ миёни ҷавонони ҷумҳурӣ ва дарёфти беҳтарин бозингарон барои дастаи мунтахаби кишвар мебошад”, - иброз дошт Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев – котиби генералии Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон.
Натиҷаи Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳандбол-2019
Гурӯҳи “А”: ВМКБ-1, ВМКБ-2, Душанбе-1, Хатлон-2
Гурӯҳи “B”: Хатлон-1, Ҳисор, Суғд, Душанбе-2
Даври аввал
ВМКБ-1 – Хатлон-2 – 37:11
Хатлон-1 – Душанбе-2 – 24:28
ВМКБ-2 – Душанбе-1 – 32:33
Ҳисор – Суғд – 6:17
Даври дуюм
ВМКБ-1 – Душанбе-1 – 25:25
Хатлон-1 – Суғд-1 – 30:19
ВМКБ-2 – Хатлон-2 – 26:18
Ҳисор – Душанбе-2 – 11:18
Даври сеюм
Суғд – Душанбе-2 – 17:31
ВМКБ-1 – ВМКБ-2 – 27:28
Душанбе-1 – Хатлон-2 – 38:9
Ҳисор – Хатлон-1 – 17:27
Нимфинал
Душанбе-1 – Хатлон-1 – 36:24
Душанбе-2 – ВМКБ-2 – 19:28
Бозӣ барои ҷои сеюм
Хатлон-1 – Душанбе-2 – 14:9
Финал
ВМКБ-2 – Душанбе-1 – 26:38