Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 медали гуштингирони наврас аз Тошканд

08.05.2019

: 947

Варзишгарони навраси тоҷик дар 7-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар шаҳри Тошканд 4 медал, аз ҷумла ду медали тилло ба даст оварданд.

Мусобиқа 28-30 апрел бо иштироки беш аз 400 варзишгари соли таваллудашон 2005-2006 аз 4 давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд. Варзишгарон аз рӯи 12 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош намуданд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати 9 варзишгар иштирок карда, ба гирифтани 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Медалҳои тиллоро Анвар Ҷӯраев дар вазни 62кг ва Шаҳбоз Давлатов дар вазни +85кг ба даст оварданд. Муҳаммад Тураев дар вазни 68кг медали нуқра, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 52кг медали биринҷӣ гирифтанд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ шуданд.