26.01.2017
: 224
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XVI Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки 26-уми январи соли 2017 дар Душанбе баргузор шуд, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.
Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа аъзои Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад буд. Бар асоси Оинномаи КМОТ Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ба муҳлати чор сол (2017-2020) интихоб шудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин пеш ду маротиба - солҳои 2009 ва 2013 ба ин вазифа интихоб гардида буд.
Вакилони ассамблея ба фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дода, ҳамчунин, аъзои нави Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишварро дар ҳайати 13 нафар интихоб намуданд. Ба ҷуз Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду ноиби ӯ, котиби генералӣ ва мудири кулли КМОТ, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ – футбол, бокс, варзиши сабук, таэквондо ВТФ, дзюдо, қайиқронӣ, инчунин ассотсиатсияҳои намудҳои зимистонаи варзиш ва олимпичиёни Тоҷикистон – ба узвияти Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб шуданд.
Бар асоси Оинномаи КМОТ бо пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи аввалини Кумитаи иҷроия раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш Шамсулло Соҳибов ноибони Президенти КМО ва Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералии КМОТ таъин шуданд.
Дар ассамблеяи мазкур, инчунин аъзои Комиссияи назорату тафтишоти КМОТ дар ҳайати се нафар - Исроил Исмоилзода, раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, Дилором Каримова, муовини раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Дилбар Шарипова, мудири Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон - интихоб гардиданд.