Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пешвои миллат ба Дилшод Назаров ордени Шараф-дарҷаи 1 тақдим карданд

26.08.2016

: 1454

Шоми имрӯз - 26 август - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари номдори мамлакат Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро-2016 дар намуди гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид ва Парчами миллии давлати тозаистиқлоро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро-2016 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуданд.
Бояд хотиррасон шуд, ки як сол муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз намуда буданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Пешвои миллат ба Дилшод Назаров 300 000 (сесад ҳазор) сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19 - уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр партофта, дар байни 12 гурзандози номии ҷаҳон ғолибияти муттлақ ба даст овард ва Қаҳрамони Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 оид ба гурзандозӣ шуд.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки баъди мақоми дуюмро касб карданаш дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр ба Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейрои Бразилия -2016 роҳхат гирифта буд.