Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Омодагӣ ба Олимпиадаи Токио – мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

30.01.2019

: 1486

30 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамоҳангсозӣ ва баррасии масъалаҳои соҳаи варзиш, ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2016, №68 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №123” ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа, маърӯзаи раиси Шӯро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо, ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро Абдуллозода Аҳтам Рустам вобаста ба татбиқи бандҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2017, №26/6-198, нақшаи кори он, вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Ассамблеяи XVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш 14 феврали соли 2018 баён доштанд ва махсусан банди 17-и Нақшаи мазкур вобаста ба таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ барои омодагии варзишгарон ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии 2022 (Пекин, Чин) ва ҷалби сарпарастон барои Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва намудҳои варзиш, ҳисоботи аъзои Шӯро аз ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба фаъолияти шӯроҳо дар сатҳи маҳал шунида шуда, нақшаи кори Шӯро барои соли 2019 тасдиқ гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Азим Иброҳим зимни суханронӣ зикр намуданд, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиши мамлакат, махсусан варзишгарон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар доираи чунин дастгириҳо ҷавонони бонанги кишвар, аз ҷумла Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва садҳо фарзандони ватандӯст кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд.
Ба таври мисол метавон зикр намуд, ки агар дар 70 соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, дар 27 соли соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 4602 расида, ба андозаи 34,6 маротиба зиёд гардидааст.
Баҳри машқу тамрини варзишгарон ҳудуди 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта, танҳо дар давоми ду соли охир сохта ба истифода дода шудани зиёда аз 200 иншооти гуногуни варзишӣ дар пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе бозгӯи олии зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани ҷавонону варзишгарон мебошад.
Айни замон дар 140 мактаби варзишӣ 3950 гурӯҳ бо  47715 машқварзи касбӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2019 машқварз зиёд буда, аз он 5492 нафарашро  бонувон ташкил медиҳанд.
Дар радифи дастгириҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар соли 2018 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муассисаи давлатии “Такмили ихтисоси масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб ва Муассисаи давлатии “Маркази омодагии олимпии дастаҳои мунтахаб” таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он рушду нумӯи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин давра, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015, №328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва қабули барномаҳои соҳавӣ, яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии рушди соҳаи ҷавонон ва варзиш маҳсуб меёбад.
Дар доираи ғамхориҳои Пешвои миллат, соли 2018 649 варзишгари тоҷик, аз ин 66 нафар бону, бо маблағи умумии 2794754 сомонӣ ба 146 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии кишвар 467 медал, аз ҷумла 151 тилло ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 42 адад зиёд мебошад. Хурсандибахш аст, ки аз шумораи умумиии медалҳо 136 адад аз рӯи намудҳои олимпии варзиш ба даст омадааст.
Баромади бомуваффақи футболбозони 16 солаи тоҷик дар Чемпионати Осиё, дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланд боиси ифтихори бузург мебошад.
Хушбахтона, то имрӯз чор маротиба бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 135 нафар варзишгар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 2881250 сомониро ташкил медиҳад ва варзишгарон ба маблағи аз 5000 сомонӣ то 300000 сомонӣ ва мураббиён бошанд аз 3750 то 30000 сомонӣ мукофотпулии Ҷоиза, аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуданд, соҳиб гардидаанд.
Боварии комил дорам, ки зери сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамоҳангсозии Шӯро ва мусоидати Шумо мушкилоти соҳаи варзиш бартараф гардида, дар солҳои 2019 ва 2020 варзишгарони мо метавонанд шарафу номуси кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро соҳиб гарданд.
Зимни маърӯзаи худ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҳамзамон муовини раиси Шӯро Аҳтам Абдуллозода аз ҷараёни иҷрои масъалаҳои дуюм, чорум ва панҷуми рӯзномаи ҷаласаи Шӯро гузориш дода, қайд намуд, ки “Протоколи ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз 13 октябри соли 2017, №26/6 аз 7 банд иборат буда, бандҳои якум (Низомномаи меъёрҳои миллӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифоъ), дуюм (таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар таҳрири нав) ва сеюми он (таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи Феҳристи ягонаи иншооти варзишӣ ва тартиби фаъолияти иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон, хусусан иншооти хусусии варзишӣ) иҷро гардида, бо дарназардошти баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, айни замон дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Дар иртибот ба иҷрои банди 4-и Нақшаи Барномаи маҷмӯи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” мавриди амал қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Барнома дар соли 2019 пурра ба инобат гирифта шудааст. Дар ин замина, бо дарназардошти иштироки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, даъват намуданд, ки маблағгузории барномаи мазкур дар соли 2019 дар сатҳи маҳал таъмин мегардид.
Мавриди қайди хос аст, ки баъди 18 соли танаффус, аттестатсияи масъулини соҳаи варзиши кишвар дар соли 2018 баргузор шуда, Кумита тавонист 31 курси такмили ихтисос ва семинарҳои бозомӯзӣ баргузор намояд, ки 2250 нафар роҳбарият, кормандон ва мураббиёни 115 муассисаҳои тайёрии кишварро фаро гирад.
Банди 5 (Натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагии варзишгарон ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпии Токио-2020) Нақша дар ҷараёни иҷро қарор дода шуда, шуруъ аз моҳи январи соли 2019 аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии кишвар, федератсияҳои варзишӣ ва сармурраббиёни дастаҳои мунтахаб гурӯҳи кории доимоамалкунандаи “Роҳ ба сӯи Токио-2020” таъсис дода шуда, ҳар ҳафта ҷараёни омодагии масъулинро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.  
Ҷараёни иҷрои банди 6 Нақшаи мазкур (ҳисоботи муовинони раиси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар соли 2018), дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа мунтазам ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Вобаста ба иҷрои банди 7-и Нақшаи мазкур (ташкил ва баргузории Бозиҳои варзишии мактаббачагон ва донишҷӯён дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ) маълум менамоем, ки Кумита ҳамасола якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати баргузории Бозиҳои варзишии донишҷӯён тадбирҳо роҳандозӣ намуда, иҷрои банди мазкурро таъмин намуда истодааст. Лекин навобаста аз он, спартакиадаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо то ҳозир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии аксарияти шаҳру ноҳияҳо таъмин намегардад”.
Таъкид гардид, ки дастоварди беҳтарини соҳа дар соли 2018 боздиди Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кумитаи миллии олимпӣ ва иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи ХVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад, ки аз натиҷаи он нақшаи чорабиниҳои дахлдор ба тасвиб расид. Дар ин замина, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Ассамблеяи ХVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш 14 феврали соли 2018 баён доштанд (2 марти соли 2018, №26/10 – 41) ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ ба вазорату идораҳои дахлдор як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.
Дар ин замина, маълум менамоем, ки бандҳои 1 (Иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи кори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2018, амалишавии босамари барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ ва таъмини рушди Ҳаракати олимпӣ), банди 2 (таъмини иҷрои босифат ва самараноки Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021), банди 3 (Андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани дастовардҳои варзишгарони кишвар, таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои дахлдори сатҳи байналмилалӣ ва дар ин замина пайваста таҳлилу баҳогузорӣ кардани натиҷаи қувваозмоиҳои онҳо дар сабқатҳо), банди 4 (Вусъат бахшидан ба фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, ҷоннок намудани корҳо дар самти такмили низоми тайёрии варзишгарон, баланд бардоштани донишу малакаи мураббиён ва доварон тавассути баргузории курсҳои омузишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷалб намудани варзишгарон ва мураббиён аз хориҷи кишвар), банди 5 (Дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ ва иштироки масъулини федератсияҳои варзишӣ дар ҷараёни баргузории онҳо), банди 19 (Таҳлили фаъолияти мақсадноки толорҳои варзишии вазорату идораҳо, бо дар назар доштани имконияти хуби нигоҳдорӣ ва шароитҳои мавҷуда дар онҳо баҳри рушди варзиш ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ истифода ва ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста кардани онҳо), банди 22 (Андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла гӯштини миллӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот ва шашка, футбол, волейбол, баскетбол, велосипедронӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, теннис ва дигар намудҳо), банди 25 (Пайваста баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишию тарғиботи миёни масъулини соҳа доир ба қоидаҳои одоби варзишгар, мураббӣ, довар ва дигар масъулони соҳаи варзиш), банди 26 (Баланд бардоштани маҳорати касбии шореҳон ва дигар мутахассисони самти варзиши соҳаи телевизион), банди 28 (Ҷойгир намудани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зерсохторҳои дахлдори он ва федератсияҳои варзишӣ дар бинои Вазорати молия ва бо ҷалби маблағҳои грантӣ таъмир намудани он), банди 29 (бо дар назар доштани сохтмони ошёнаҳои иловагӣ дар бинои Кумитаи миллии олимпӣ мавриди омӯзиш қаpop додани лоиҳаи сохтмони он) характери мунтазамӣ дошта, ҷараёни иҷрои аксарияти онҳо дар соли 2018 таъмин гардид. Махсусан вобаста ба иҷрои бандҳои 28, 29 гурӯҳҳои кории муштарак таъсис дода шуда, баррасии пурраи ин масъалаҳо анҷом дода шудааст.
Дар ин замина, бандҳои 6 (таъсис додани Маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи варзиш ва давра ба давра аз курси такмили ихтисос гузаронидани мураббиёни соҳаи варзиш), банди 12 (Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати табдил додани Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ба маркази омода кардани дастаҳои мунтахаб ва дар оянда барои фаъолияти бонизоми он пешбинӣ намудани ташкили инфрасохтори зарурӣ), банди 15 (таъсиси шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб дар сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш), банди 18 (Мавриди истифода қарор додани ҳавзи шиноварии муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои обӣ» мутобиқ ба талаботи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва пешбурди тайёрии варзишӣ), банди 21 (Вобаста намудани тайёрии варзишии варзишгарон аз рӯи намуди қайиқронӣ ба Бонки миллӣ ва андешидани чораҳои дахлдор баҳри рушди ин намуди варзиш), банди 24 (ташкили чорабинии «Як рӯзи велосипедронӣ» дар шаҳри Душанбе ва рушди мусобиқаи велосипедронӣ, инчунин оммавикунонии он дар шаҳру ноҳияҳо) ва банди 27 (ба тавозуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гузаронидани толори варзишии «Тоҷикстандарт») пурра иҷро гардиданд.
Вобаста ба вусъат бахшидани фаъолияти Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ дод, ки давоми соли 2018 бори нахуст дар заминаи марказ 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, тавассути фарогирии пайвастаи масъулон ба Ҳаракати олимпӣ семинару омӯзишҳои мунтазам баргузор намуда, дар ин давра барои таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2018 таъмини варзишгарони вилоят дар 10 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумита ба роҳ монда шуд.
Зикр карда шуд, ки  вобаста ба ташкил намудани маркази миллии омодагии олимпӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва федератсияҳои варзишӣ лоиҳаҳои ниҳоии хешро бо дарназардошти талаботҳои байналмилалӣ омода намуда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд (маркази миллии омодагии олимпӣ оид ба бокс), Хатлон (маркази миллии омодагии олимпӣ оид ба намудҳои гуштин) ва шаҳри Душанбе (маркази миллии омодагии олимпӣ оид ба варзиши сабук) пешниҳод карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати дар шаҳри Душанбе бунёд кардани толори варзишии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии волейбол ва баскетбол лоиҳаҳои ангоравии толорҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмон омода гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар ин замина иброз гардид, ки вобаста ба масъалаи дастгирӣ ва сарпарастии тими мунтахаби кишвар ва таъсиси Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар заминаи иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар Ассамблеяи XVII генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулони соҳаи варзиш 14 феврали соли 2018 баён доштанд, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Дар ин ҷараён, дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2018, №396/26 лоиҳаи қарори мазкур барои баррасии ҷаласаи Шӯрои имрӯза пешниҳод гардидааст, ки мусоидати якҷояи Шуморо барои татбиқи саривақтии он хоҳиш менамоем.
Зеро барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 камтар аз 2 сол боқӣ монда, ҷараёни дарёфти роҳхат ба Бозиҳои мазкур аллакай оғоз гардидааст. Кумита якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ минбаъд низ барои татбиқ ва рушди амалии соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тадбирҳои зарурӣ равона менамояд.
Вобаста ба масъаъаи шашуми рӯзнома Нақшаи кори Шӯро ва Ҷадвали чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ барои соли 2019 тасдиқ гардид.
Зимни ҷамъбасти кори ҷаласа, раиси Шӯро Азим Иброҳим бо дарназардошти муҳимияти соҳа ва баррасии масъалаҳои мазкур баҳри татбиқи амалии сиёсати давлати соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғамхории ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд масъаларо таъкид намуд. Зеро тамоми дастовардҳои ҷавонону варзишгарон натиҷаи ғамхориҳои беназири давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат буда, он моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида бештар ташаббускору фаъол бошем ва барои рушди минбаъдаи варзиши тоҷик ва таъмини зиндагии зебои ҷавонони Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешем.
Дар робита ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.