28.01.2019
: 1159
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 тими олимпии Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар Туркия ба машғулияти дуҳафтаинаи машқию омӯзишӣ фаро гирифта мешавад.
Ҷамъомади тими олимпии Тоҷикистон аз 1 то 15 феврал ба нақша гирифта шудааст. Сармураббии даста Усмон Тошев ба ин ҷамъомад футболбозони дастаи “Истиқлол”-ро даъват накард. Онҳо ҳамроҳи дастаашон дар Туркия ба Лигаи чемпионҳои КФО-2019 тайёрӣ мебинанд.
Дар доираи ҷамъомад дар Туркия тими олимпии кишвар се бозии санҷишӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, мунтахаби мо дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад. Ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбекистон (26 март) ҳастанд.