03.10.2018
: 1451
Шоми дирӯз – 2 октябр дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии 6-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуд.
Нахуст ҳайати дастаҳо – Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд. Сипас, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Парвиз Норов – ноиби раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба паҳлавонон муваффақият таманно карданд.
Қайд гардид, ки мусобиқа маротибаи шашум аст, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки паҳлавонони тоҷик ва варзишгарони кишварҳои хориҷ дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинӣ рушди намуди дзюдо дар кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
6-ум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистонро Дилшод Назаров расман кушода эълон кард.
Дар рӯзи аввал қувваозмоиҳои даври муқаддамотӣ дар вазнҳои -60 ва -66 кг баргузор шуд. Дар вазни -60 кг Фаррух Ҳалимов аз Тоҷикистон ва Достон Рӯзиев аз Узбекистон ба финал роҳ ёфтанд. Варзишгарони Тоҷикистон Фаррух Раҳимзода, Аъзамҷон Аъзамҷонов ва варзишгарони Узбекистон Асрор Очилов, Фарид Амруллоев барои медалҳои биринҷӣ муборизаро идома медиҳанд.
Дар вазни -66 кг Ёқубҷон Боқиев аз Тоҷикистон ва Абдуҷалил Юсупов аз Узбекистон барои медали тилло қувва месанҷанд. Барои медалҳои биринҷӣ ҷуфти Иброҳим Алиев/Ҷамолиддин Абдуллоев (ҳар ду аз Тоҷикистон) ва Абилҳайр Мавленин (Қазоқистон)/Нуроншо Бодомаев (Тоҷикистон) талош мекунанд.
Тибқи муқаррароти мусобиқа қувваозмоиҳои даври финалии ҳамаи вазнҳо 5 октябр баргузор мешавад.
Имрӯз – 3 октябр – рақобатҳо дар вазнҳои -73, -81 кг идома меёбад.