01.10.2018
: 1329
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 тими мунтахаби ҷавонони кишвар оид ба футбол (U-19) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ба ҳамсолонашон аз Белорус ғалаба карданд.
Бозии санҷишӣ имрӯз – 1 октябр дар шаҳри Мински Белорус бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Ғалабаи тими ҷавонони Тоҷикистонро Далер Ёдгоров (дақиқаи 15) ва Шериддин Бобоев (дақиқаи 59) таъмин намуданд.
3 октябр дастаҳои ҷавонони Белорус ва Тоҷикистон бори дигар бо ҳам вомехуранд.
Дар Чемпионати Осиё, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои ҷавонони Чин (20 октябр), Малайзия (23 октябр) ва Арабистони Саудӣ (26 октябр) бозӣ мекунад. Аз чор гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд. Дар сурати ба даври дигар баромадан тими Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун вомехурад.
Чор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон (U-20)-ро соҳиб мешаванд, ки соли оянда дар Лаҳистон ба нақша гирифта шудааст.
Бозии санҷишӣ
Беларус (U-19) – ТОҶИКИСТОН (U-19) – 0:2
Голҳо: Далер Ёдгоров, 15 (0:1). Шериддин Бобоев, 57 (0:2).
Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов (Султоншо Мирзоев, 82), Ваҳдат Ханонов (Ҳувайдои Гулмурод, 82), Оятулло Сафаров, Алишер Баротов (Сорбон Авғонов, 70), Шервонӣ Мабатшоев (Манучеҳр Сафаров, 61), Далер Ёдгоров (Наимҷон Иброҳимзода, 70), Эҳсони Панҷшанбе (Саидмухтор Азимов, 82), Кароматулло Саидов (Абдулмумин Забиров, 61), Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодӯстов, 70), Шериддин Бобоев (Шарафҷон Солеҳов, 61).
Сардовар: Антон Лашук (Беларус).
1 октябр. Минск. Варзишгоҳи «Торпедо». 100 мухлис.