Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди “Ҷавонӣ”

Тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди “Ҷавонӣ” Тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди “Ҷавонӣ” Тантанаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди “Ҷавонӣ”

28.06.2018

: 1455

Шоми дирӯз - 27 июн - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ Варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳрро бо 10000 ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари лоиҳаи мазкур Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Сохтмони иншоотро пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора”-и шаҳри Конибодом ба уҳда дошт ва лоиҳа аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии  “Лоиҳакаш”-и вилояти Суғд таҳия шудааст.
Варзишгоҳ аз ду даромадгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар утоқҳои махсус барои варзишгарон иборат буда, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинобар муддати тулонӣ мавриди истифода қарор надоштани варзишгоҳи мазкур, нокифоя будани ҷойи нишаст дар варзишгоҳ, таъмирталаб будани инфрасохтори он, тайи солҳои охир дар он ягон намуди чорабинӣ доир нагардида буд. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ба варзиш, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти варзишӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ иншооти мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат азнавсозӣ гардид.
Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи “Ҷавонӣ” Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бошукуҳи идона ба ифтихори 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Пешвои миллат ҳамаи ҳозирин, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ - яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ - табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи тайкардаи мардуми шарафманд ва сулҳхоҳи тоҷик баҳри ба ҳам омадану ба Ваҳдати комил расидан андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки танҳо баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имконият пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.
Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат дар ҳузури шумораи зиёди сокинони шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат барномаи бошукуҳи консертӣ баргузор гардид,  ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комилу сартосарии кишвар буд.