26.06.2018
: 1501
Бори аввал дар таърих Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон дар ду марҳила баргузор мешавад.
Дирӯз – 25 июн – дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии чемпионати кишвар миёни дастаҳои бонувон баргузор шуд. Дар аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 4 июл оғоз гардида, моҳи сентябр ба анҷом мерасад, 6 даста иштирок мекунанд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода). Мусобиқот дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар дар хона ва сафар бозӣ мекунанд.
Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввал «Зебонисо» бо «Бохтар», «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Суғд» бо «Барқ Норак» вомехуранд.
Тавре мудири Шуъбаи футболи занонаи Департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилором Нусратуллоева гуфтааст, барои иштирок дар чемпионат ҳамаи шаш даста бо либосу пояфзоли варзишӣ (ду ҷуфтӣ) ва тӯб таъмин гардиданд. Ҳамчунин, ФФТ хароҷоти сафари дастаҳо ва ҳаққи хизмати доваронро пардохт мекунад.
Ба гуфтаи Д. Нусратуллоева чемпионати мамлакат як марҳилаи омодагии тими мунтахаби занонаи кишвар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад. Тими мунтахаби занонаи кишвар оид ба футбол моҳи август дар Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта, моҳи сентябр тими бонувони то 16-солаи кишвар дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 ва моҳи октябр тими бонувони то 19-солаи кишвар дар даври интихобии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2019 ширкат хоҳанд кард.